Муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агостино Пиннаро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши робитаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.