Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар, тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузориҳо баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин атрофи дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.