Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов бо ваколатори вижаи Ҳукумати Федеролии Олмон дар умури созишномаҳои муҳоҷиратӣ Йоахим Штамп дидору гуфтугӯ намуд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба ВКХ хабар медиҳад.
Дар мулоқот роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар самти муҳоҷират, баимзорасонии санадҳои марбутаи соҳавӣ, ҳамчунин ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират мубодилаи афкор сурат гирифт.
Тарафҳо барои татбиқи иқдомҳои муштараки баъдӣ изҳори мувофиқат карданд.