Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо роҳбари ҳокимияти иҷроияи шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Азизов Элдар мулоқот кард.
Дар рафти вохӯрӣ вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Боку муҳокима шуд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо густариши равобит миёни пойтахтҳои ду давлат дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстӣ ва варзишӣ, танзими сафарҳо бо иштироки ҳайатҳои шаҳрҳои Душанбе ва Боку, инчунин ташкили чорабиниҳои муштарак табодули афкор намуданд.