Имрӯз муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу бо як сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин бора ба радиои “Овози тоҷик” аз ВКХ хабар доданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода пешвоз гирифт. Дар рафти сафари расмӣ номбурда бо ҳамтои тоҷикистонии худ — вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот хоҳад намуд. Ҳамчунин дар назар аст, ки М.Нуртлеу аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шавад.