Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Анвар-ул-Ҳақ Какар, Исматулло Насрединро, ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш ба ҳайси cафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар ин кишвар, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба ВКХ хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ Сарвазири Покистон ба муҳтарам Исматулло Насредин барои саҳмаш дар тавсеа ва густариши ҳамкорҳои назаррас байни ду кишвари дӯст изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно намуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.