Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти анъанавии сафирони давлатҳои аъзои ИДМ бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия С.Лавров иштирок намуд. Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил С. Лебедев низ иштирок дошт.
Зимни вохӯрӣ, С.Лавров аҳамияти ҷараёни ҳамгироӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай қайд карда, мухтасар нуқтаҳои асосии Консепсияи раёсати Русияро дар ИДМ номбар намуд.