Дар доираи сафари корӣ Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Сауд Абдуллоҳ Алмуъҷиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковники адлия, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод мулоқот намуд.
Зимни мулоқот Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб масъалаҳои муқовимат ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷинояткории трансмиллӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷиноии ҷаҳони муосирро муҳокима карданд.