Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Рамасвами Парватиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба ВКХ хабар медиҳад.
Ҳамсуҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуи марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва чорабиниҳои дарпешистодаро матраҳ намуданд.