Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо директори Палатаи муштараки савдои Конфедератсияи Швейтсария оид ба минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ хонум Дорит Саллис баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар самтҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорию сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.