Бо мақсади такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ соли 2023 лоиҳа «Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия ва бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 июни соли 2023, ба тасвиб расид , ки ҳоло мавриди иҷро қарор дорад. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ вазири меҳнат , муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иттилоъ дод.
Ҳамчунин зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ниҳоди мазкур маъсулин такид бар он намуданд, ки вазорат бо 13 давлат 36 санади байналмилалӣ дар самтҳои марбут ба соҳа фаъолиятро ба имзо расонидааст, ки аз ин 10 адад созишномаҳои байниҳукуматӣ ва 26 адад байниидоравӣ буда мавриди амал қарор доранд.
Дар ҷараёни нишасти хабарӣ Гулнора Ҳасанзода ‐вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ зикр намуд, ки айни замон 5 лоиҳаи санадҳои ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт, Федератсияи Россия, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Корея дар марҳилаи баррасии ниҳоии ҷонибҳо қарор дошта, раванди гузаронидани расмиёти дохилидавлатии лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба мубодилаи қувваи корӣ дар бахши хусусӣ ба анҷом расида, баимзорасони он дар чорабиниҳои пешбинишудаи сатҳи олии кишварҳо дар назар дошта шудааст.
Зулфия Олимбекзода