Рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12 фоиз, кишоварзӣ 9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22, 5 фоиз, боркашонӣ 16 ,6 фоиз, гардиши савдо 13,4 фоиз, хисматрасонии пулакӣ 14, 1 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,8 фоиз ба миён омад.Ин нуктаро имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Завқи Завқизода ‐вазири ин ниҳод зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.
Бино бар иттилои хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Зулфия Олимбекзода ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи вазорати мазкур Завқи Завқизода –вазири рушди иқтисод ва савдо иброз дошт, ки дар ин давра гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиш ёфта, ба 8328, 9млн.долар баробар гардид, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2022 13 , 9 фоиз ё1019,4млн.долар зиёд мебошад.
Содироти мол дар соли 2023 2448,8млн. долларро ташкил намуда, дар қиёс ба соли 2022‐юм 14,3 фоиз ё 306,8млн. доллар зиёд шудааст.
Дар соли 2023 дар ҳудуди кишвар 729 корхонаву коргоҳои нави саноатӣ бо 4846 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо иброз дошт, ки дар соли 2023 шумораи умумии сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳури воридшаванда 1миллиону 30 ҳазор нафарро ташкил дод,ки нисбати ба соли 2022 72,3 ҳазор ё 8 фисад зиёд мебошад.