Имрӯз дар толори калони маҷлисгоҳи бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ- назариявӣ дар ҳошияи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон » Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Фуруҳар Тоҳирӣ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиши мазкур намояндаҳои вазорату идораҳои ва дигар муассисаҳои фарнгии кишвар иштирок намуда, доир ба моҳияти қонуни мазкур суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки ҳадафи танзими тарбияи ватандӯстӣ муқаррар намудани кафолатҳои давлатии механизмҳои амалигардонии ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди низоми тарбияи ватандӯстӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни соҳаи тарбияи ватандӯстӣ мебошад