Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UNFAO) дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад
Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, инчунин раванди амалишавии лоиҳаҳои UNFAO дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.