Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 робитаҳои байналмилалии худро хуб ба роҳ монда, дар ин давра ба Вазорат 4821 муроҷиат аз хориҷи кишвар ворид гардид, — зикр намуд, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Ашуриён Музаффар зимни нишасти хабарӣ. Ба зикри номбурда, 8 — уми июни соли 2023 дар доираи сафари Амири давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар барои солҳои 2023-2025 ба имзо расонида шуд. 22 — юми сентябри соли 2023 ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини вазири адлияи Федератсияи Русия, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Беларус ва котиби масъули Шуро ширкат варзиданд. 3- юми ноябри соли 2023 бо ташаббуси Вазорати адлия Форуми нуҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҳошияи он Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Федератсияи Русия дар таҳрири нав ба имзо расонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ роҳбарияти Вазорат дар як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, аз ҷумла,: Форуми 11 — уми байналмилалии ҳуқуқӣ Санкт- Петербурги Федератсияи Русия ва дар ҷаласаи кушоди вазирони адлия, Форуми байналмилалии «Tashkent lav spring» (шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон), Иҷлосияи 109- уми Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ иштирок намуданд.
Дилноза Сатторова