Дар Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ » Донишкадаи тиббӣ –иҷтимоии Тоҷикистон » теъдоди умумии донишҷӯён дар соли ҷорӣ 2610 нафарро ташкил медиҳад.Аз теъдоди умумии донишҷӯёни хориҷӣ 71 нафарро ташкил менамояд, ки онҳо аз Ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Покистон, Малайзия, Нигерия, Бангладеш,Узбекистон ва Афғонистон мебошад.Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ Зарина Ибодзода ‐ ректори Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ нисбат ба соли гузашта 36 нафар зиёд гардидаанд. Бино ба иттилои масъулини Донишкадаи мазкур соли равон Донишкадаи тиббӣ ‐иҷтимоии Тоҷикистон бо 11 донишгоҳу донишкадаҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти таҳсилот, корҳои илмӣ –таҳқиқотӣ , табодули таҷрибаи донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар самтҳои соҳаи тиб ба роҳ мондааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 8 муассиса зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки Донишкадаи тиббӣ– иҷтимоӣ дар соли 2023 ба «Феҳристи донишгоҳҳо ва донишкадаҳои тиббии байналмилалӣ ворид шуд. (Word Directory of Medical Schools –info@,wdoms.org)».