14 феврали соли таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода вохӯрии ҳамоҳангсозони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Женева баргузор гардид. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад.
Вохӯрии ҳамоҳангсозони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз дар Женева таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода доир шуд.
Зимни вохӯрӣ иштирокдорон доир ба масъалаҳои тадорукотӣ оид ба таҷлили «Наврӯзи байналмилалӣ – 2024» дар Женева табодули афкор намуданд.