Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг вобаста ба омодагӣ ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насреддин, Султон Раҳимзода, намондагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, намояндагиҳои дипломатии кишварҳо, кормандон ва рузноманигорон баргузор гардид. Дар ин бора Нушофарин Олимова хабарнигори радиои «Овози тоҷик» хабар медиҳад.
Исматулло Насреддин брифингро шуруъ намуда, доир ба баргузории конференсия ва нақши Тоҷикистонро дар соҳаи об қайд намуд.Султон Раҳимзода дар навбати худ нақшаи баргузории Конференсияи 3 юми байналмилалӣ ба иштирокчиён пешниҳод намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки «Об мардумон ва фарҳангҳоро ба ҳам мепайвандад. Агар мо чанд сол қабл доир ба пешгирии масъалаҳои оид ба об сухан мегуфтем, имрӯз андешидани чораҳо доир ба ин масъала ҳатмӣ ва зарурӣ гаштааст ва мо бояд ҳарчи зудтар ба амалӣ гардонидани нақшаҳо шуруъ кунем.» Ҳамчунин дигар мизбони брифинг доир ба аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон суханронӣ намуда, андешаҳои худро роҷеъ ба нақши онҳо дар ҳалли масоили обу иқлим ироа намуданд.
Дар охир иштирокчиён ва хабарнигорони брифинг саволҳои худро пешниҳод карданд.