
Таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди захираҳои маъдан ва рушди ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва дигар масъалаҳои вобаста ба он 7 март зимни вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо ҳайати шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба истифодаи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, инчунин тавсеаи имконоти логистикӣ ва рушди инфрасохтори нақлиёт мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо рушди ҳамкории стратегии Тоҷикистон ва Чинро мусбат арзёбӣ намуда, масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва инфрасохтори нақлиётиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо назардошти таҷрибаи шаҳри Қошғар дар рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва коркарди захираҳои табиӣ зарурати таҳияи лоиҳаҳои муштарак мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.