
Дар шаҳри Душанбе мулоқоти роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо вазири рушди иқтисод ва сайёҳии Аморати Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ баргузор гардид. Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ медиҳад.
Ба таъкиди сарчашма ҷонибҳо масоили густариши ҳамкорӣ дар бахши авиатсияи гражданиро баррасӣ карда, тавофуқ ҳосил намуданд, ки роҳандозии хатсайрҳои нави “Душанбе — Шорҷа” ва “Душанбе — Абу-Даби” метавонад ба рушди сайёҳӣ ва робитаҳои иқтисодӣ такони тоза бахшад.
Инчунин мусоҳибон саҳми сиёсати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ҷалби шарикони стратегӣ муҳим арзёбӣ кардаанд.