Дар доираи нахустин Форуми байналмилалии нассоҷии Душанбе, миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати LMW Global FZE ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ санадро вазир Шералӣ Кабир ва директори LMW Global, Ҷайдев Ҷаявартанавелу имзо кардаанд. Ҳадафи асосӣ — рушди саноати нассоҷии кишвар, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи муосир ва омодасозии мутахассисон мебошад.
Тибқи созиш, корҳо дар самти навсозии техникӣ, таъмини устувории истеҳсолот ва тақвияти иқтидори содиротии маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон анҷом дода хоҳанд шуд.