25 июл дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд.
Зимни шиносоӣ меҳмонон бо обқабулкунакҳои доимӣ, обпартоҳои минтақаҳои нақби СТ-4, минтақаҳои асосии тақсимоти барқ ва толори мошинҳо шинос шудааст.
Президенти Муғулистон баъди боздид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дода, ин иншооти стратегиро барои минтақа муҳим арзёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Дар доираи Ёддошти тафоҳум тарафҳо ҳамкории байниҳамдигариро дар бахши энергетика, бахусус дар самти истифодаи манбаъҳои энергетикаи обӣ тақвият медиҳанд. Дар ин замина табодули таҷриба дар бахши таҳия ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва тақвияти иқтидори кадрӣ таҳким бахшида мешавад.



