Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор ва иқдоми хайрхоҳонаи Раиси ноҳияи Сино, муҳтарам Умед Гуреззода ба 250 оилаи ниёзманд ва дорои фарзандони имконияти маҳдуддошта кӯмаки иҷтимоии яквақтаина расонида шуд.
Ин иқдоми инсонпарварона дар ҳошияи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат ва дастгириҳои пайвастаи ниёзмандон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, бозгӯйи таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти ноҳия ба табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошад.
Кӯмаки мазкур аз маҷмуи маҳсулоти хӯрокворӣ — орд, равған, картошка, пиёз, биринҷ ва шакар иборат буда, ба оилаҳо дастрас карда шуд.
Зимни тақдими маҳсулоти хӯрокворӣ масъулони ноҳия таъкид намуданд, ки чунин иқдомҳо минбаъд низ идома ёфта, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ қарор хоҳад дошт.



