Қатъномаи мазкур, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Қатънома аз ҳамаи давлатҳои аъзо ва шарикони рушд даъват ба амал меорад, ки саъю талошҳои худро дар самтҳои андешиданичораҳои фаврӣ оид ба ҳифзи пирряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ тақвият бахшанд.
Илова бар ин Қатънома натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, расман истиқбол намуд.
Қабул гардидани Қатъномаи мазкур бо иттифоқи оро дар ЮНЕА-7 нақши боризи Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад.
Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳамчун мақомоти олии қабулкунандаи қарорҳо оид ба масъалаҳои марбут ба муҳити зист эътироф шудааст.
Қатъномаи мазкур нахустин ва то ҳол ягона қатънома дар таърихи Ассамблеяи муҳити зисти СММ аст, ки муаллифи он кишвари Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.



