Ҳайати ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Ҳисор дар боғи олуи хоҷагии «Кишмиши Тӯда» ва Боғи дӯстии Тоҷикистону Узбекистон дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ва Ҷамоати шаҳраки Шарора бо ҳолати сабзиши гулу муғчаи дарахтон баъд аз барфрезӣ ва хунукиҳои рӯзҳои охир шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Аъзои ҳайат дар деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо дар маъракаи ниҳолшинонии сокинони ин ҷамоат иштирок намуданд. Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳр, дар ин боғ зиёда аз 300 бех ниҳоли дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шудааст.
Зимни ниҳолшинонӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳашарчиён суҳбат ороста, барои иқдоми ободкорона изҳори сипос намуд. Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат барои эмин нигоҳ доштани боғу токзор аз сармозанӣ, ки вобаста ба тағйирёбии иқлим дар сайёра ва зиёд гардидани муҳлати сардиҳо дар аввали фасли баҳор аз эҳтимол дур нест, ба деҳқонон тавсияю маслиҳатҳои судманд дод.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки боғдорони шаҳр ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол менамоянд.
АМИТ «Ховар»




