27 апрели соли 2026 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Завқизода Завқӣ бо Сафири Давлати Қатар дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка Шайх Машъал бин Ҳамад Оли Сонӣ вохӯрӣ кард.
Дар вохӯрӣ тарафҳо дар бораи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар, робита дар доираи ҳайати дипломатӣ дар ШМА ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мубодилаи афкор намуданд.



