Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Омилҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ноустувори глобалӣ» баргузор гардид. Ҳадафи аслии чорабинӣ баррасии ҳамаҷонибаи омилҳо ва роҳҳои таҳкими амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Дар доираи ҳамоиши мазкур масоили рушди устувори иқтисодӣ ҳамчун заминаи амнияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, дастовардҳои рушди иқтисодӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Фарзона Сафарова, “Овози тоҷик”



