12-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди неруи зеҳнӣ» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020–2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимон, омӯзгорон, муҳаққиқон ва намояндагони соҳаи маориф иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқро мавриди баррасӣ қарор доданд. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои ташаккули тафаккури илмӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва таҳкими иқтидори зеҳнии ҷомеа аҳамияти муҳим дорад. Ҳамчунин зимни ҳамоиш оид ба татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», истифодаи усулҳои муосири таълим ва дурнамои рушди илмҳои дақиқ дар кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дилнозаи Абдумалик
радиои “Овози тоҷик”



