Санаи 22 июни соли 2026 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори иҷроияи ширкати австриягии «AME GmbH» ҷаноби Ҳайнс Мессингер баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла омодасозии кадрҳои соҳаи тандурустӣ, ҷорӣ намудани тибби рақамӣ (E-health) ва муҷаҳҳазгардонии беморхонаҳо бо технологияҳои муосири тиббӣ мубодилаи афкор намуданд



