Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиарду 898,1 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст. Аз ин маблағ 1 миллиарду 385,4 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ва 512,7 миллион доллар дигар намуди сармояи хориҷиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии сармояи хориҷии воридшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз, сармояи мустақими хориҷӣ бошад 60,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин давра бо сармоягузорон 22 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 455 миллион доллари ИМА ба имзо расидааст, ки татбиқи онҳо барои таъсиси зиёда аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ замина фароҳам меорад.
То 1 июли соли 2026 дар кишвар 89 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, танҳо дар нимсолаи аввал барои татбиқи 14 лоиҳаи нав созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба маблағи 386,9 миллион доллари ИМА ба имзо расидаанд.
Моҳираи Иброҳим.
«Овози тоҷик»



