28 июли соли 2026 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нахустин Сафири фавқулода ва мухтори тозатаъйини Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рашид Ал-Амирӣ-ро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот сафири Кувайт нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома ҷонибҳо роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайтро баррасӣ намуда, аҳамияти иҷрои тавофуқҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт моҳи ноябри соли 2024 ба даст омада буданд, таъкид карданд.



