Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон дар робита ба заминларзаи харобиовар дар Кумамото, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ гардид, ҳамдардии амиқи худро изҳор менамояд.
Ба наздикону пайвандони фавтидагон сабри ҷамил ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комилу ҳарчи зудтар орзу мекунем.
Мо итминони комил дорем, ки мардум ва Ҳукумати кишвари дӯст дар кӯтоҳтарин муҳлат оқибатҳои ин офати табииро паси сар хоҳанд кард.



