Санаи 4 августи соли 2026 дар вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири молия Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо директори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои Осиё ва Уқёнуси Ором ҷаноби Такаши Нагаока ва менеҷери Барномаи стипендияи Ҷопон – Хазинаи Байналмилалии Асъор барои Осиё (JISPA) хонум Сайка Кин баргузор гардид.
Зимни мулоқот Барномаи стипендияи Ҷопон – Хазинаи Байналмилалии Асъор барои Осиё (JISPA) муаррифӣ гардида, нақши он дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ ва такмили сиёсати иқтисодӣ, иштироки кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барнома ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.



