Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дафтари Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар шаҳри Вена Манучеҳр Ҷобир бо мудири кулли дафтари СММ дар Вена (UNOV), мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Моника Ҷума мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Вена ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ табодули афкор намуданд.
АМИТ «Ховар»
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия



