Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва такмили мониторинги обу ҳаво ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор мешавад.
Чорабинӣ аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода баромад намуда, дар суханронии худ аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ ва муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи илмӣ, мақомоти давлатии соҳавӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим таъкид намуд.
Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронс масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим, такмили мушоҳидаҳои гидрометеорологӣ ва мониторинги ҳолати пиряхҳо қарор доранд.
Ба усулҳои муосири мушоҳидаи равандҳои обу ҳавоӣ ва иқлимӣ, ҳифзи пиряхҳо ва баланд бардоштани самаранокии пешгӯии зуҳуроти хатарноки гидрометеорологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.
Дар конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои илмӣ ва байналмилалӣ, инчунин мутахассисону коршиносони соҳаҳои обуҳавошиносӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист иштирок доранд.
Иштирокдорони чорабинӣ таҷрибаи илмии худро мубодила намуда, равишҳои муосир ба мониторинги равандҳои иқлимиро баррасӣ мекунанд ва роҳҳои минбаъдаи такмили низоми мушоҳидаҳои гидрометеорологӣ ва чораҳои ҳифзи пиряхҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Баргузории чунин конфронс дар шароити тағйирёбии иқлим аҳамияти хос дошта, барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди илм ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳифзи пиряхҳо ва пешгирии таъсири хатарҳои иқлимӣ замина фароҳам меорад.
Таҳмина Амонова, Радиои «Овози тоҷик»



