18 августи соли 2026 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Сафири навтаъйини Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд.



