8 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди фаъолияти китобдорӣ дар 35 соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз китобхона хабар доданд.
Ҳамоиш дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он аз таҳкими ҳамкории соҳавӣ, табодули таҷриба ва баррасии самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ иборат буд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои шуъбаи дастхатҳо ва китобҳои нодир, рушди китобхонаи бачагона ва тарбияи кадрҳои илмии ҷавон дар соҳаи китобдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иброз гардид, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони ҷавон, рушди иқтидори илмии соҳаи китобдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ нақши муҳим дорад.
Ба масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи китобдорӣ, такмили хизматрасониҳои иттилоотӣ, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба китобхонӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои китобдорӣ бо ниҳодҳои ҷавонон низ диққати махсус дода шуд.
Бояд гуфт, ки давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди низоми китобдорӣ, таҳкими заминаҳои моддию техникии китобхонаҳо, ҳифзу муаррифии мероси хаттӣ ва ташаккули муҳити мусоиди илмию маърифатӣ дар мамлакат корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон



