Дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Кумита семинар-машварат оид ба татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон барои солҳои 2023–2030» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам иштирок намуданд.
Зимни семинар ҳадафу вазифаҳои Барнома, нақши занону духтарон дар хизмати давлатӣ, тарбия ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди касбии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, имкониятҳо ва самтҳои фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии назди Кумита муаррифӣ гардида, иштирокчиён бо имкониятҳои мавҷуда ва фаъолияти корхона шинос шуданд.
Дар фарҷоми семинар ба як қатор кормандони фаъол барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои Барнома сипосномаҳо тақдим карда шуданд.



