Санаи 15 сентябри соли 2026 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Марк Боуман баргузор гардид.
Дар аснои мулоқот натиҷаҳои сафари қаблии Марк Боуман ва масъалаҳои дар Ёддошти тафоҳум байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба харитаи роҳи стратегии сармоягузории бисёрсола пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳо дар самти маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар изҳор намуданд



