Имрӯз дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 мулоқоти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ бо муовини раиси шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Дабири кулли Форуми шаҳрдори Осиё Ҳамидризо Ғуломзода доир гардид. Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карда шуданд.



