26 сентябри соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард.
Вазири корҳои хориҷӣ аҳаммияти таҳкими сулҳу субот, бисёрҷонибагароӣ ва нақши марказии Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ таъкид намуда, дар ин росто аз ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036 ёдовар шуд. Дар ин росто зикр гардид, ки соли 2027 Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди тамаддунҳои СММ, Дафтари СММ оид ба корҳои ҷавонон, дигар сохторҳои марбутаи СММ ва шарикони байналмилалӣ Конфронси байналмилалии сатҳи баландро бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда баргузор менамояд.
Ҳамчунин роҳбари ҳайати кишвар ба рӯзномаи ҷаҳонии об, омодагӣ ба Конфронси оби СММ -2028 дар Душанбе, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, рушди зеҳни сунъӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таҳкими амният ва ғайра таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ӯ ҳамчунин мавқеи Тоҷикистонро оид ба ҳалли осоиштаи низоъҳо, дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо ва зарурати ислоҳоти фарогири низоми СММ ироа намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ инчунин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши фаъоли Тоҷикистон дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо дар амри мусоидат ба ҳалли чолишҳои глобалӣ ҷалб намуд. Тазаккур дода шуд, ки дар солҳои охир Тоҷикистон як қатор ташаббусҳои байналмилалиро дар доираи СММ дар самтҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор, таҳкими сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ, инчунин пешгирии таҳдиду чолишҳои зуҳуркунанда роҳандозӣ кардааст.
Илова гардид, ки тавассути ин ташаббусҳо Тоҷикистон ба таҳкими ҳамбастагии байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкории бисёрҷониба ва ҳавасмандсозии амалҳои муштарак ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалии ҷомеаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.



