Дар шаш моҳи охири соли равон 53 корхонаи ватанӣ истеҳсоли 308 номгуй маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба роҳ мондаанд, ки нисбат ба ҳмин давари соли гузашта 9 корхона ва 36 номгуй зиёд мебошад. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Доруҳое, ки мо истеҳсол мекунем, ба стандартҳои давлатӣ ҷавобгўянд.Ҷамолиддин Абдуллозода дар идома оид ба афзоиши содироти доруворӣ маълумот дода, зикр кард, ки содироти доруворӣ аз ҷумҳурӣ дар ин давра ба 76,1 миллион сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин 6 моҳи соли гузашта 62 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра ба 351 адад доруворӣ ва молҳои тиббӣ шаҳодатномаи сабти давлатӣ супорида шуд.
Мавсуф дар идома зикр намуд, ки дар 6 моҳи соли равон фаъолияти 162 муассисаҳои фармасевтӣ зери санҷиш қарор дода шуда, дар натиҷа 317 номгуй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 21344 адад аз муомилот гирифта шуд. Ин ҳисоб нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 446 номгуй ва 22551 адад кам мебошад.