Дар рӯзҳои ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмоишгоҳи вирусологӣ дар назди АМИТ ба истифода дода мешавад, ки дар Осиёи Маркази ягона ба шумор меравад. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози точик», Шаҳнози Муҳиддин аз нишасти хабарии АМИТ хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти номбурда , АМИТ дар ҳамкорӣ бо олимони тиб бар зидди коронавирус дорӯҳое омода карданд, ки аз ҳисоби гиёҳҳои шифобахши ватанӣ мебошанд ва онҳо дар паст кардани ҳарорат ва муьтадил нигаҳ доштани кори шуш муассир мебошанд.