Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии Ёрматов Зиёқиддин сардори ширкати «Баҳодур Лағон текстил» ва дар ҳамбастагӣ бо масъулини МИҲД вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд. Ҳадафи онҳо ба гардишӣ кишоварзӣ даровардани 20 ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳия ва ташкили боғоҳои интенсивӣ мебошад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт хабар медиҳад.
Ҳамзамон, дар ҳаҷми 30 гектар бунёди минтақаи саноъатӣ дар мадди назар гирифта шудааст, ки аз ҳисоби заминҳои дашти байни Ашт ва ноҳияи Б.Ғафуров( дашти Сомғор ) пешбинӣ гардидааст. Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо шахсони масъул вобаста ба замин меҳмононро истиқбол намуд.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи кории ҳарду ҷониб аз вазъи заминҳо ва обёрӣ ба он дидан намуда, аз ҷониби мутахассисони соҳа гуфта шуд, ки метавон аз чунин заминҳо боғҳои интенсивӣ бунёд намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварад.
Баъдан Роҳбари ноҳия бо пешниҳоди харитаи заминҳо мавзеъи мусоидро ба меҳмонон ҷиҳати корбарӣ пешниҳод намуд.