
Дар нимсолаи аввали соли равон аудиторони Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 89 чорабинии аудиторӣ гузаронида, ба маблағи 158,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ муайян намуданд, ки теъдоди чорабиниҳои аудиторӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 53 адад кам ва зарари молиявии ошкоргардида ба маблағи 75,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода баён дошт.
Бино ба иттилои номбурда, оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида тадбирҳои мушаххас андешида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 157,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 66,5 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 85,1 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6,0 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки 99,2% -и маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявиро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки айни замон дар Палати ҳисоб бо мақсади ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ барномаи электронии аудит ва ҳуҷҷатгузории электронии дохилиидоравӣ ба роҳ монда шудааст. “Дар ин замина, пешбинӣ гардидааст, ки минбаъд оғоз аз соли оянда як қисми чорабиниҳои аудиториро тариқи фосилавӣ тариқи фосилавӣ амалӣ намоем”,-гуфт Қарахон Чиллазода.
Палатаи ҳисоб аъзои комилҳуқуқи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили “ИНТОСАЙ”, “ЭКОСАЙ”, “АСОСАЙ” буда, дар асоси созишномаҳо бо мақомотҳои олии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Молдова, Белорус, Латвия, Узбекистону Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Мардумии Хитой ҷиҳати мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити молияи самаранокӣ ва мутобиқгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқии Палатаи ҳисоб ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.