Гавҳарбону барои оила шодию сурур бахшид. Падар, ки меъмору модар дӯзанда буданд, барои тарбияи фарзандон ҳамаҷониба заҳмат мекашиданд. Онҳо ба хубӣ медонистанд, ки ҳар як кӯшишу ғамхорие барои таҳсилу тарбияи арзандаи фарзандон мекунанд, самари хуб медиҳад. Гавҳар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 шаҳри Хуҷанд бо баҳои аъло мехонд.
Қиблагоҳ вақте фаҳмид духтараш касби духтуриро интихоб карданист, пурсид: «Оё ту сидқан мехоҳӣ ин касби бошарафу пурмашаққатро интихоб намоӣ?». Ишораи тасдиқро дида, ӯро ба назди духтурони машҳури шаҳри соҳили Сирдарё бурд, то ба духтарак онҳо омӯзиши бештари кадом фанҳо ба мақсад мувофиқ буданашро фаҳмонданд.
Ба итмом расондани донишгоҳи тиббӣ ва мушарраф гаштан ба номи пуршарафи табиб анҷоми рисолати пеша нест. Мебоист донишу малака ва таҷрибаи корро омӯхт, то байни мардум обрӯю эътибор пайдо намуд.
Гавҳар мехост беморони дилро муолиҷа намояду онҳоро ба ҳаёти дубора баргардонад. Шабҳои бехобию омодагиҳо ба санҷишу имтиҳонҳо, андешаи имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супурдан, пушти сар шуданду Гавҳархон Баҳодурова дипломи духтуриро ба даст гирифт.
Барои хубтар ошноӣ пайдо намудан, бо фаъолияти табиб ба сӯи дармонгоҳи шаҳрии № 20-ти шаҳри Новосибирск роҳ мегирем, ки Гавҳархон он ҷо ба ҳайси духтури дил фаъолият мебарад. Дар қабулгоҳаш чанд нафар беморон дар навбат буданд. Ин аз кордонию мутахассиси хуби соҳа будани ӯ дарак медод. Суҳбатро то ба бегоҳ мавқуф гузоштем.
Аз ҳамкоронаш дар бораи табиби тоҷик пурсон шудем. Онҳо бо сипос сухан карданд, ки вай мутахассиси хубу фардест меҳрубон. Дар Новосибирск шумораи зиёди духтурони тоҷик дар беморхонаи шаҳрӣ ва дигар дармонгоҳҳо заҳмат мекашанд.
Бегоҳӣ дар хонаи Дадабоевҳо бо Гавҳархону шавҳараш Илҳом ва духтарчаашон Ёсуман якҷо нишастем. Суҳбатамон бо бонуи табиб хеле тасфид…
— Донишгоҳро бо баҳои аъло поён бурдаму волидон бароям ҷавони арзандаеро, ки ӯ ҳам дар Донишгоҳи давлатии тиббии Сибир таҳсил мекард, домод интихоб намуданд. Баъди тӯй мо ба Новосибирск кӯчидем. Шавҳарам мехонданду ҳам кор мекарданд. Илҳомҷон бо сабурӣ бароям омӯзгор, роҳнамо ва ҳам такягоҳ гаштаанд, — гуфт Гавҳархон.
Ӯ аз тақдираш розӣ аст. Тавлиди фарзанди нахустин Ёсуман барояшон давлате буд, ногаҳонӣ. Кошонаи онҳоро садои хандаву нишоти тифл зеби дигар бахшид.
-Модари ману Илҳомҷон, ҳар яке бо навбат аз Тоҷикистон омада, набераашонро парасторӣ мекунанд ва мо аз пайи кору таҳсил мешавем. Ростӣ, диламон нашуд ҷигарбанди хешро назди дояи бегона гузорем. Шукр, ки модарони азизу меҳрубонамон мушкиламонро осон карданд,-арз медорад бо қаноатмандӣ Гавҳар.
Бештар аз ҳассосият, афсурдаҳолӣ, пурхӯрӣ, тамокукашӣ, майнӯшӣ ва гоҳе бо сабаби ирсӣ одамон ба бемории асаб мубтало мешаванд. Барои ҳамин бузургон гуфтаанд: «Парҳез — бархез». Яъне истеъмоли ками ғизоҳои равғанию хӯрокҳое, ки ба фарбеҳӣ бурда мерасонанд. Истеъмоли ғизои солим, ба варзиш машғул шудан интихоби тарзи ҳаёти солим, рӯҳияи солим, андешаи нек, ки ба дилу асаб фараҳ мебахшад, ҳар сари вақт ба духтур муроҷиат кардану аз муоина гузаштан, омилҳое ҳастанд, ки бемории дилро пешгирӣ мекунанд, — мегӯяд табиб.
Вақте дар бораи Тоҷикистон, табиати зебо, меваҳои шаҳдбораш, мардумони наҷибаш қисса мекунам, ҳамкоронро орзуи дидани кишвари офтобии мо мекунад ва бо ҳавас мегӯянд, мехоҳем равему ангуру зардолу, меваҳоро бо дастони худ чинем ва кӯҳҳои сарбафалаки Тоҷикистонро бо чашми сар бубинем,- меафзояд Гавҳар.
Садбарг БОҚИЕВА,
бознашр аз маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”