Дар нимсолаи аввали соли равон аз дохили ҷумҳурӣ ба маблағи 1215,2 млн доллар маҳсулот содирот гардид, ки нисбат ба соли 2021 1,6 млн. доллар ё 0,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ якҷо бо барқ 1180,3 млн. доллар ташкил намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода иброз намуд.
Директори Агентӣ афзуд, содироти маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби фурӯши сангу филизоти қиматбаҳо, маъдану консентратҳо, алюминийи аввалия, нахи пахта, семент, риштаи пахтагӣ ва сурма мебошад.
Зикр шуд, ки дар ин давра аз қаламрави мамлакат ба хориҷи кишвар ба маблағи 1205 ҳазор доллар ё ин, ки 19,5 млн. дона тухми парранда содирот шудааст.
То ба имрӯз 61 ширкатҳои ватании содироткунанда ба қайд гирифта шуда, содироти ин ширкатҳо бо истифода аз тиҷорати электронии низоми REX ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби ширкатҳои мазкур ба маблағи 19 млн 317 ҳазор доллар маҳсулот содирот карда шудааст.
Дар нишаст зикр шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 қабул гардидааст. Барномаи мазкур бо мақсади рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, кам намудани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии воридот, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти робитаҳои иқтисоди хориҷӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, татбиқи суғуртаи қарзҳои содиротӣ, истифодаи стандартҳои байналмилалӣ ва сертификатсия таҳия шудааст.
Дилноза Сатторова
Радио «Овози тоҷик»