Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон Кейҷи Фуруя вохӯрӣ анҷом дод.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати корҳои хзориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо дастовардҳои мусбии 30 соли равобити дипломатии Тоҷикистону Ҷопонро таъкид намуда, нақши робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумониро дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, беҳтаргардонии зерсохтори нақлиётию логистикӣ, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ҳамчунин зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҳар ду кишвар судмандро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо аҳаммияти ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»-ро ҳамчун заминаи эътимоднок ва воқеӣ дар роҳандозии ҳамкориҳои амалӣ ва ҳамшарикии Ҷопон бо Осиёи Марказӣ зикр карданд.