5 ва 6 июл дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар кори он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи вазирони кишоварзии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисоди мудири кулли Созмони ҳамкори иқтисодӣ, вазирони кишоварзии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Узбекистон, муовинони вазири кишоварзии Покистон, Туркманистон, Эрон, роҳбари Дафтари зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқворӣ ва дигар ҳайатҳои расмии созмонҳои минтақавӣ иштирок намуданд.
Дар баробари иштирок дар ҷаласаи расмӣ инчунин мулоқотҳои дуҷонибаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазирони кишоварзии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркия, Узбекистон ва мудири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ доир гардид.
Зимни мулоқот бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон Ербол Карашукеев ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориро баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда дар соҳаи бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо ҷалби бахши хусусӣ ва воридоти гандуми тухмӣ ва хӯрока ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон то ба ҳадди 200 ҳазор тонна афзоиш додани содироти пиёзи барвақтӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ тақвият медиҳанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба хотири тақвияти ҳамкорӣ миёни бахши хусусии якдигар рӯйхати ширкатҳои содиркунандаро ирсол менамоянд.