Шурӯъ аз 11-уми август дар шаҳри Душанбе Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор мегардад.Мусобиқа то 15 август идома мекунад, хабар медиҳад ТВ “Варзиш”.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа бадминтонбозони беҳтарин аз кишварҳои Тоҷикистон , Ӯзбекистон , Қирғизистон, Қазоқистон , Муғулистон ва Эрон ширкат хоҳанд намуд.
Макони баргузории мусобиқа — “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ”-и шаҳри Душанбе мебошад.